вторник, 27 декабря 2016 г.

Чи кор бояд кард, то ки инсон зуд асабонӣ нашавад

Аз рӯи мушоҳида эҳсос мекунам, ки калимаҳои ба истилоҳ «навбаромад», ки танҳо дар адабиёти илмӣ аксарашон маҳфуз буданд, имрӯз хеле серистеъмоланд. Ба мисол вожаҳои афсурдагию асабонӣ, ки миёни мардум «псих» ё ин ки «дипрессия» гуфта мешаванд. Ҳатто кӯдакони хурдсол бо гумони «псих» шуданашон ба қавле «алови чашм»-и мо калонсолонро гирифтаанд. Зеро дар сурати иҷро нашудани хоҳишҳояшон моро гунаҳкор мекунанд, ки «псих»-ашон кардем. Чанде пеш зимни як суҳбати онлайнӣ аз дӯсти равоншиносам хоҳиш намудам, ки оид ба ин беморӣ маълумот диҳад.
«Маъмулан оқибати тарбияти нодуруст, танбалӣ, худхоҳӣ ва бадандешӣ инсонро ба инбеморӣ оварда мерасонад ва ба худкушӣ даст задании бархе шаҳодати гирифторӣ ба дипрессия аст», мегӯяд равоншинос. –Аксарият бо надоштани иттилоъ дар хусуси ин беморӣ ба духтурон муроҷиат намекунанд ё баъзан бо нодуруст мондани ташхис аз ҷониби пизишкон мариз гирифтори дараҷаи вазнини афсурдагӣ «дипрессия» мешавад. Дар сурати сари вақт аз пайи табобат нашудан, муолиҷаи он ҳам чун дигар бемориҳо душвор мегардад. Баъзе одамон барои табобати бемориҳои рӯҳӣ ё аз духтури равоншинос маслиҳат гирифтан, худдорӣ мекунанд. Ё ин ки дар қайди пизишкони равоншинос буданро иштибоҳан «девонагӣ» маънидод мекунанд. Ҳол он ки асаби инсон бештар аз дигар узвҳои ӯ ба табобат ниёз дорад, зеро солимии ҳама узвҳои бадани мо аз асаб вобастагӣ дорад.
Ба суоли нишонаҳои ин беморӣ кадоманд, мусоҳиби мо чунин иброз дошт: «Дар марҳилаи аввал ин беморӣ сабаби паст шудани зарфияти корӣ мегардад. Дилтангӣ, асабоният, изтироб, яъсу ноумедӣ, эҳсоси гунаҳгорӣ ва норизоӣ аз худ аломатҳои ин беморӣ мебошанд. Аломатҳои физиологии ин маризӣ инҳоянд: бехобӣ, гумшавии иштиҳо, зудхасташавӣ ва дардмандшавии узвҳои бадан (ба мисоли мушакҳо, дилу меъда ва ғайраҳо)».Аксар ба он ақидаанд, ки бонувон шояд камтар ба бемориҳои равонӣ гирифтор шаванд. Чун онҳоро ҷинси латиф ном мебаранд ва занон ба мушкилоти зиндагӣ тобоваранд. Аммо вақте зан-модаре аз мушкилии равониаш арз кунад, боиси хандахариши хонавода ва атрофиёнаш мегардад. Ба гуфтаи равоншиносон хавфи гирифтор шудани бонувон ба бемории афсурдагӣ ду маротиба зиёдтар мебошад. Зеро марҳилаҳои ҳайз, ҳомиладорӣ, давраи пас аз ҳомиладорӣ, безурётӣ ва климакс, инчунин нисбат ба мардҳо қувваи ками ҷисмонӣ доштанашон, яъне заъифии онҳо ва чун зан зери хушунати хонаводагӣ буданашон низ сабаби дипрессия (афсурдагӣ) шуда метавонанд.
Ҳама дардро давоест, гуфтаанд. Агар шумо чунин аломатҳоро дар худ эҳсос намудед, ҳарчӣ зудтар ба духтури равоншинос муроҷиат намоед. Зеро аз шикваву ибрози ҳолати равонӣ ба наздикон дида, ба табиб муроҷиат намудан, роҳи ҳалли мушкилист. Дар чунин ҳолатҳо ба беморон доруӣ равондармонӣ тавсия дода мешавад. Бояд қайд намуд, ки дар баробари ташхису табобати саривақтӣ ин гуна беморон ба дастгирии равонии аҳли оила эҳтиёҷ доранд. Кафолати шифои комил аз гирифтории афсурдагӣ ин иҷрои саривақтии тавсияҳои дар боло зикргардида аст.

воскресенье, 18 декабря 2016 г.

«Мисс мира-2016» стала представительница Пуэрто-Рико

















Представительница Пуэрто-Рико Стефани Дел Валье победила на конкурсе красоты «Мисс мира — 2016», завершившемся в воскресенье вечером в США.
Первой вице-мисс стала представительница Доминиканской Республики Яритза Мигелина Рейес Рамирес, а второй — гражданка Индонезии Наташа Маннуэла. Эти результаты официально объявило жюри смотра.
Корону победительницы 19-летней Дел Валье вручила «Мисс мира-2015» мексиканка Мирея Лалагуна. Конкурс прошел в недавно открывшемся гостинично-игорном комплексе MGM National Harbor, который расположен в пригороде Вашингтона Оксен-Хилл в штате Мэриленд.
Россию на конкурсе представляла 18-летняя Яна Добровольская из Тюмени. Она в апреле завоевала титул «Мисс Россия — 2016».
В двадцатку красавиц «Мисс мира — 2016» вошли представительницы Австралии, Бельгии, Бразилии, Венгрии, Ганы, Доминиканской Республики, Индии, Индонезии, Кении, Китая, Республики Корея, островов Кука, Монголии, Пуэрто-Рико, Словакии, США, Таиланда, Филиппин, Франции и Японии. В первую пятерку вышли девушки из Доминиканской Республики, Индонезии, Кении, с Пуэрто-Рико и Филиппин.
Всего в конкурсе участвовало 117 девушек.

Тақдими хонаи сеҳуҷрагӣ ба Дилшод дар маркази Душанбе














Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе ба Дилшод Назаров 
қаҳрамони бозиҳои олимпии Рио-2016 дар маркази пойтахт хонаи сеҳуҷрагӣ тақдим намудааст. Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, хонаи нави Назаров дар кӯчаи Деҳлавӣ ошёнаи 4-ум ҷойгир мебошад. Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон Дилшод Назаровро бо 300 ҳазор сомонӣ ва ордени “Шараф” дараҷаи-1 қадрдонӣ кард. Як сол қабл Назаров Ордени Шараф дараҷаи 2-ро гирифта буд.

Дилшод Назаров дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия гурзро ба масофаи 78.68 метр партоб кард, ки нишондиҳандаи беҳтарини ин сабқат буд. Ӯ аз миёни ҳафт варзишгари тоҷик, ки ба Рио роҳхат гирифтанд, танҳо нафаре буд, ки нишони тиллоии олимпиро ба гардан овехт. Намояндаҳои дигари Тоҷикистон дар марҳилаҳои интихобӣ ноком шуданд.

Донишҷӯйи тоҷик ғолиби конфронси илмии байналмилалӣ дар шаҳри Бишкек гардид















Дар конфронси бонуфузи илмии донишҷўён дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон 250 нафар донишҷў аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ўзбекистон ва Афғонистон аз рӯи навиштаҳои илмии хеш маърўза карданд. Мутахассисону олимони шинохта навиштаи илмии Завқиддин Эргашев, донишҷӯи тоҷикро беҳтарин ҳисобида, мақоми аввалро ба ў муносиб донистанд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд хабар доданд.

«Чунин конфронси илмии байналмилалӣ ҳамасола бо ибтикори раёсати Донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ дар шаҳри Бишкек дар заминаи лоиҳаи модели Созмони Милали Муттаҳид бо ширкати беҳтарин донишандўзони мактабҳои олии кишварҳои Осиёи Миёна ва ҳамсоядавлатҳои дигар баргузор мегардад»,-зикр кард манбаъ.
Завқиддин Эргашев собиқ муҳассили факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ буда, ҳоло тавассути шартномаи ҳамкорӣ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон таҳсили худро идома медиҳад.

пятница, 9 декабря 2016 г.

Ансамбли машҳури Россия ба Хуҷанд меояд.



Аз санаи 11 декабри соли равон дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд сафари ҳунарии ансамбли халқӣ-академияи давлатии «Россия» ба номи Людмила Зыкина аз Федератсияи Россия оғоз мегардад.
Тибқи қардоди қаблӣ ҳунармандони гурӯҳи мазкур баробари пешниҳоди барномаҳои консертӣ аз мавзеҳои таърихӣ ва сайёҳии шаҳр аз қабили «Маҷмаи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд», маҷмаи «Истиқлол», дидан намуда, бо ҳунармандони маҳаллӣ сӯҳбату мулоқот доир хоҳанд кард.
Санаи 12 декабр соати 16.00 бошад барномаи муштараки ансамбли халқӣ-академияи давлатии «Россия» ба номи Людмила Зыкина бо санъаткорони вилоят баргузор мегардад.

Ансамбли мазкур соли 1977 бо ташаббуси Ҳунарманди Иттиҳоди Шӯравӣ Людмила Зыкина таъсис дода шуда онро то охири умр роҳбарӣ намуд. Баъдан ансамбли мазкур ба хотири абадӣ гардондани хотираи ин ҳунарманди сурудҳои мардумии русӣ номи Людмила Зыкинаро гирифт.

Дар Маскав Шоми фарҳангии тоҷикон баргузор мешавад

 Дар чорабинӣ ситораҳои дурахшони санъати тоҷик ба монанди Далер Назаров, гурӯҳи “Шамс”, Ноҳиди Зайнипур ва дигарон иштирок мекунанд.
Бо ибтикори Сафоарти Ҷумҳури Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар хамкори бо Вазорати фарханги Русия санаи 14-уми декабр дар шаҳри Маскав Шоми фарҳангии тоҷикон баргузор карда мешавад.
Чорабинӣ шоми  14-уми декабр дар Хонаи марказии нависандагон баргузор хоҳад шуд. «Чорабинӣ  бахишида ба 25-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баргузор мешавад ва дар он  ҳунармандони ситораҳои санъати тоҷик Далер Назаров, гурӯҳи «Шамс», Ноҳиди Зайналпур баромад хоҳанд кард»,- хабар медиҳад Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия.
Ба ғайр аз ин барномаи  чорабинӣ намоиши асарҳои нодири рассомони  тоҷикро дарбар мегирад. Дӯстдорони адабиётро тарҷумаи ашъори ширини тоҷикиву форсӣ бо забони русӣ интизор аст.

Ба иттилои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия мақсад аз ташкилӣ маҳфил шиносоии тоҷикони Маскав ва дигар халқиятҳои Русия бо фарҳанги қадима, адабиёти беназир ва санъати тоҷик мебошад.

понедельник, 5 декабря 2016 г.

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:
«Мӯҳтарам Шавкат Миромонович,
Дар иртибот ба пирузии баҳснопазиратон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо камоли хушнудӣ ва аз самими қалб ба Шумо беҳтарин табрикот ва таманниёти неки хешро ирсол медорам.
Интихоби Шумо ба ин маснади воломақому ҳамзамон сермасъул далели возеҳи ҷонибдории васеи мардуми Ӯзбекистон аз роҳи сиёсии интихобкардаи Шумо мебошад, ки ба мунтазам боло бурдани сатҳи некӯаҳволии мардум, таҳкими минбаъдаи сулҳу субот ва ризоият дар ҷомеа нигаронда шудааст.
Дар Тоҷикистон Шуморо ҳамчун пайрави рушди бемайлони муносибатҳои дӯстиву неки ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои гуногунсоҳаи кишварҳои мо медонанд ва ба шахсияти Шумо эҳтиром мегузоранд.
Итминон дорам, ки идомаи ҳамкории судманду самаранок миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҷавобгӯи манфиатҳои асили мардумони мо мебошад. Халқҳои моро анъанаҳои чандинасраи ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва эҳтироми мутақобила, ки аз даврони мутафаккирони бузурги Машриқзамин Ҷомӣ ва Навоӣ маншаъ мегиранд, ба ҳам мепайванданд.
Нигоҳ доштан ва васеъ гардонидани заминаи мусоиди мероси созандаи таърихии муносибатҳои мардумонамон бар дӯши мо масъулияти бузургеро вогузор менамояд ва мо омодаем, ки дар ин ҷода якҷо бо Шумо саъю талошҳои заруриро ба харҷ диҳем.

Ба Шумо, мӯҳтарам Шавкат Миромонович, сиҳатии комил, саодатмандиву хушрӯзӣ, дар фаъолияти давлатиатон дастовардҳои нав ба нав ба манзури рушду тараққии Ӯзбекистони дӯст ва ба мардуми барои мо бародари он сулҳу субот ва пешравии бардавом орзумандам».

Ҳавопаймое, ки ҳамагӣ ду ҷойи нишаст дошта, бо батареяҳои офтобии solarstratos ба кайҳон мебарояд

SolarStratos ин ҳавопаймои беҳамтое мебошад, ки ҳамагӣ ду ҷойи нишаст дорад ва дар асоси нерӯи офтоб кор мекунад. Ҳавопаймои мазкур дар соли 2008-ум нахустин парвози худро ба сарҳади кайҳон, ба баландии 22,8 километр ба анҷом расонида буд, ки он 5 соат давом кардааст.
Дарозии ҳавопаймо 8,5 метр мебошад. Парвози ҳавопайморо муҳаррики барқии 32 киловата таъмин мекунад. Ин муҳаррики барқӣ дар асоси аккумулятори 20-киловатаи ионӣ кор мекунад. Нерӯъ аз батареяи офтобӣ ҳосил мешавад, ки болҳои ҳавопайморо пӯшонидааст. Масоҳати умумии ҳавопаймо  22 метри квадратиро ташкил медиҳад. Ҳавопаймои мазкур аз ҷониби ширкати PC-Aero сохта шуда, 24 соат дар қайҳон бе тавақкуф парвоз карда метавонад. Мувофиқи маълумоти ширкат ин аввалин ҳавопаймои тиҷоратие хоҳад буд, ки то ба  стратосфера рафта мерасад.
Намоиши ҳавопаймои SolarStratos санаи 7-уми декабр баргузор мегардад. Яъне ҳамагӣ пас аз чанд моҳи ба анҷом расидани парвози таърихии ҳавопаймои Solar Impulse бо сарнишинии Рафаэл Домиан.  Ба ӯ идора кардани ҳавопаймои SolarStratos бовар карда мешавад. Ёдовар мешавем, ки Solar Impulse нахустин дар ҷаҳон парвози даврии худро тавассути муҳаррике ба анҷом расонидааст, ки он дар асоси нури офтоб кор мекунад.

Нахустин парвози ҳавопаймои SolarStratos 5 соат давом кардааст ва ин парвоз рӯзона сурат гирифта буд. Аз ин 5 соат ду соат барои ба баландӣ баромадан, 15 дакиқа барои дар стратосфера парвоз кардан ва 3 соат барои ба Замин омада нишастан сарф шудааст. Сарнишини ҳавопаймо ҳангоми парвоз ҷои ноҳамвори Замин, осмони ситоразорро дида метавонад ва таъсири 70 дараҷа сардию фишорро ба ҳавопаймо ҳисс карда метавонад, ки ҳамагӣ 5 фоизаш аз Замин мебошад.
imonimo