Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе ба Дилшод Назаров
қаҳрамони бозиҳои олимпии Рио-2016 дар маркази пойтахт хонаи сеҳуҷрагӣ тақдим
намудааст. Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии Тоҷикистон
ба “Озодагон” иттилоъ доданд, хонаи нави Назаров дар кӯчаи Деҳлавӣ ошёнаи 4-ум ҷойгир
мебошад. Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон Дилшод
Назаровро бо 300 ҳазор сомонӣ ва ордени “Шараф” дараҷаи-1 қадрдонӣ кард. Як сол
қабл Назаров Ордени Шараф дараҷаи 2-ро гирифта буд.
Дилшод Назаров дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии
соли 2016 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия гурзро ба масофаи 78.68 метр
партоб кард, ки нишондиҳандаи беҳтарини ин сабқат буд. Ӯ аз миёни ҳафт варзишгари
тоҷик, ки ба Рио роҳхат гирифтанд, танҳо нафаре буд, ки нишони тиллоии олимпиро
ба гардан овехт. Намояндаҳои дигари Тоҷикистон дар марҳилаҳои интихобӣ ноком шуданд.

Комментариев нет:
Отправить комментарий